Language

ШАРҲИ УМУМӢ

Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ (БДҲ) дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ ("USAID") маблағгузорӣ карда мешавад, ба ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намуда, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои қонунии онҳо ва дастгирии бахши адлия, ки ба ниёзҳои шаҳрвандон ҷавобгӯ мебошад, саҳм мегузорад. Ин барномаи дусола аз ҷониби Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ ("ICNL") дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ/Ташаббуси волоияти қонун (АҲА/ТВҚ) амалӣ карда мешавад.  

ФАЪОЛИЯТИ МО  

Барои ташаккули ҷомеаи қавии шаҳрвандӣ, ки ба суботи кишвар ва шукуфоии шаҳрвандон мусоидат мекунад, қонунҳо ва санадҳои меъёрие, ки имкониятҳоро барои фаъолияти созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) ва ҳимояи онҳо фароҳам меоранд, аҳамияти муҳим доранд. Дар маҷмӯъ, шаҳрвандоне, ки ҳуқуқҳои қонунии худро медонанд ва ба низоми адлия, ки ба эҳтиёҷоти онҳо ҷавобгӯ аст, дастрасӣ доранд, ба ин низом бештар эътимод хоҳанд кард, ки ин дар навбати худ ба таҳкими волоияти қонун ва меъёрҳои демократӣ мусоидат мекунад. Барномаи дастгирии ҳуқуқӣ ба муносибатҳои дарозмуддат бо ҷонибҳои манфиатдор, ки аз ҷониби барномаҳои "ICNL" ва АҲА/ТВҚ дар Тоҷикистон дар давоми ду даҳсолаи охир муқаррар шудаанд, асос ёфтааст. Барнома инчунин таҷрибаи ҷаҳониро дар соҳаи қонунгузории марбут ба СҶШ-ҳо мубодила мекунад ва ба субъектҳои бахши адлия дар таҳкими иқтидори онҳо барои беҳтар қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон ёрӣ мерасонад. 

ДАСТОВАРДҲОИ БАРНОМА 

Ҳадафи асосии БДҲ ин дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии фаъолтаре мебошад, ки метавонад ҳуқуқҳои шаҳрвандонро бо таваҷҷӯҳи махсус ба шахсони осебпазир ва канормонда беҳтар ҳимоя карда, инчунин фаъолияти бахши адлияро дар Тоҷикистон барои самараноктар қонеъ намудани ниёзҳои онҳо баланд бардорад. БДҲ ба дастгирии СҶШ-ҳое, ки бо маъюбон, занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо кор мекунанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, 40 СҶШ-ро аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, ки бо ин намуд гурӯҳи аҳолӣ кор мекунанд, тавассути раванди озмунӣ интихоб намуд. БДҲ ҳадафҳои барномаро дар асоси се вазифа баррасӣ мекунад ва фаъолиятро дар асоси арзёбии ҳангоми ҳалли ҳар як вазифа бадастовардашуда, амалӣ мекунад. 

  • Таъмини фазои мусоиди ҳуқуқӣ барои иштироки самараноки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи сиёсати давлатӣ, мониторинг ва фаъолияти ҳуқуқӣ – Аз замони таъсиси барнома ҳуқуқшиносоне, ки дар курсҳои "ICNL" таҳсил карданд, ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зиёда аз 2000 машварат пешниҳод намуда, 12 санҷиши маҳсулноки ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои бақайдгирӣ, қонунгузории меҳнатӣ ва риояи қонунгузории андоз гузаронида, ба ин васила ба СҶШ-ҳо дар саросари Тоҷикистон дар риояи ӯҳдадориҳои қонунӣ кӯмак расониданд.

"ICNL" ва шарикони он ба Идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба масъалаҳои Қонун оид ба манъи табъиз, ки нав қабул шуда буд дар саросари Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак карданд.  Моҳи майи соли 2023, бо дастгирии "ICNL" намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Хорватия ташриф оварданд, то бо таҷрибаи татбиқи қонуни шабеҳ дар бораи манъи табъиз шинос шаванд.  

  • Таҳкими мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар густариши имкониятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии онҳо, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иштирок дар истифодаи қонунҳо барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ– моҳи марти соли 2023 БДҲ дар саросари Тоҷикистон шаш грант ба 11 СҶШ-ҳо пешниҳод кард, ки онҳо ба чунин самтҳо равона карда шудаанд:
    • баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи зӯроварии гендерӣ (ЗГ) ва қонун дар бораи баробарии гендерӣ, ки ба рафъи стереотипҳо нисбати занон дар сӯҳбатҳо бо шунавандагони гуногун ва дар платформаҳои гуногун нигаронида шудааст;
    • ҳалли масъалаҳои табъизи гендерӣ нисбати заноне, ки дар хоҷагиҳо кор мекунанд; 
    • баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқҳои муроҷиат, махсусан шахсони имконияташон маҳдуд (ШИМ); инчунин 
    • арзёбии мушкилот ва таҳияи тавсияҳо оид ба кӯмакрасонӣ ба занон дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон дар дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ.  
  • Баланд бардоштани салоҳияти касбии мақомоти судӣ, ҳуқуқшиносон ва қонунгузорон барои хизматрасонии самараноктар ва фаврӣ ва пешбурди иштироки занон дар бахши адлия – АҲА/ТВҚ Иттиҳоди адвокатҳо ва Муассисаи давлатии "Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ" (SALAC)-ро дар мониторинги самаранокии қонун дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ тавассути гузаронидани гурӯҳҳои фокусӣ бо иштироки адвокатҳо, ҳуқуқшиносони давлатӣ, намояндагони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ёрдамчиёни ҷамъиятӣ дастгирӣ кард.  Натиҷаҳо ва тавсияҳое, ки дар ҷараёни ин муҳокимаҳои пурсамар ба даст оварда шудаанд, барои самараноктар татбиқ намудани Қонун дар бораи ёрии ҳуқуқӣ, ба роҳбарияти ҳар як муассиса пешниҳод карда мешаванд.  

АҲА/ТВҚ ба Суди олӣ дар таҳияи мундариҷаи аввалин барои Платформаи нави омӯзиши онлайнӣ, ки ба судяҳо аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар семинарҳо оид ба қонунгузории нав ё соҳаҳои махсуси қонунгузорӣ иштирок кунанд, кӯмак мерасонад.  Мавзӯъҳо масъалаҳои умумӣ оид ба парвандаҳои қонунгузории оилавӣ, инчунин меъёрҳои байналмилалӣ ва миллии ахлоқи судиро дар бар мегиранд.  

 

Share This Page