Language

Маълумоти заминавӣ

Сарфи назар аз талошҳои пайвастаи ҳукумат, Тоҷикистон дар байни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дорои даромади кам ва миёна, бо сатҳи пасти таъмини таҳсилоти томактабӣ ва имконоти омодагӣ ба мактаб ҷой гирифтааст. Дар ҳашт соли охир фарогирии таҳсилоти томактабӣ танҳо андаке афзоиш ёфтааст - аз 12,3 % дар соли 2015 то 15,6% дар соли 2023 ва танҳо 45% кӯдакони фарогирифташударо духтарон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо ба нишондиҳандаи назоратии 50% фарогирии муқарраргардида дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мувофиқат намекунанд.

Фарқиятҳои назаррас байни шаҳрҳо ва манотиқи деҳот нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳоле ки 73,8% аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, танҳо 34,7% муассисаҳои томактабӣ дар ин минтақаҳо ҷойгиранд, дар муқоиса бо 65,3% дар шаҳрҳо. Маблағгузории давлатӣ барои таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 6,6 фоизи буҷаи умумии маорифро ташкил медиҳад, ва асосан ба маблағгузории ғайридавлатӣ, аз ҷумла саҳми волидайн ва парасторон вобастаанд. Дар назар аст, ки то соли 2030 шумораи кӯдакони 3-6-сола тақрибан 28%, аз 860,000 нафар то 1,1 миллион афзоиш меёбад.

Барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани омодагӣ ба мактаб ва натиҷаҳои таълими томактабӣ тавассути роҳандозии таҳсилоти муосири барвақтии кӯдакон, фарогирии ба хонандагон нигаронидашуда ва ҷавобгӯ ба стандартҳои таҳсилоти томактабии Тоҷикистон, ҳамчунин ба кӯдакон дар самти омодагӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ кӯмак хоҳад кард.

ҲАДАФҲО

  • Ҳадафи I: Амалисозии равишҳои фарогир ва босифат нисбати таҳсилоти томактабӣ бо истифода аз далелҳо, тадқиқот ва омӯзиш дар реҷаи вақти воқеӣ.
  • Ҳадафи II: Таҷдиди назари барномаи таълимии таҳсилоти томактабӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти инфиродии таълимгирандагон, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ва кӯдаконе, ки бо забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ҳарф мезананд.
  • Ҳадафи III: Тарғиби таҳсилоти фарогири томактабӣ дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар стратегияҳо инъикос ёфта, бо захираҳои устувор таъмин гардидааст.
  • Ҳадафи IV: Мусоидат намудан ба иштироки волидайн, парасторон, омӯзгорон, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таблиғи таҳсилоти томактабии ҳамаҷониба ва фарогир.

НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРӢ

  • Натиҷаи асосии I: Омодагии кӯдакон ба мактаб дар марказҳои рушди барвақтӣ дар тақрибан 20 маҳал такмил дода шудааст.
  • Натиҷаи асосии II: Марказҳои таълимии томактабӣ дар тақрибан 20 маҳал бо таҷҳизоти барои омӯзиш қулай, маводи таълимии фарогир ва технологияҳои ёрирасон муҷаҳҳаз гардидаанд.
  • Натиҷаи асосии III: Иқтидори ҳайати кормандон ва мақомоти маориф дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ барои баланд бардоштани омодагӣ ба мактаб ва натиҷаҳои таълими барвақтӣ рушд ёфтааст.
  • Натиҷаи асосии IV: Иқтидори омӯзгорон барои пешниҳоди хизматрасонии марбут ба таҳсилоти томактабии ба кӯдакон нигаронидашуда, ки ба ниёзҳои кӯдакони дорои маъюбият ва мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ ҷавобгӯ мебошанд, рушд ёфтааст.
  • Натиҷаи асосии V: Нақши гурӯҳҳои волидайн ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таблиғи таълими фарогири томактабӣ таҳким гардидааст.

БУҶЕТИ ФАЪОЛИЯТ: 7 500 000 доллари ИМА             

ДАВОМНОКИИ ФАЪОЛИЯТ: Октябри соли 2023 – Сентябри соли 2028

ТАШКИЛОТИ ТАТБИҚКУНАНДА: Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Share This Page