Language

2022 - 2027 | Созмони Байналмилалии Муҳоҷират / Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират | 3,500,000 доллари ИМА

ШАРҲИ УМУМӢ

Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии зуҳури муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки қариб 10% аҳолии он берун аз кишвар фаъолият мекунанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми дар хориҷа будан, ба хатарҳо дучор мешаванд, аз ҷумла савдои одамон. Вақтҳои охир савдои одамон дар дохили кишвар низ мушкилоти афзоянда ба шумор меравад. Лоиҳаи "Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат бо савдои одамон" (МБ&МБСО) лоиҳаи панҷсола буда, ҳадафи он коҳиш додани сатҳи савдои одамон дар байни шахсони осебпазир, маҳалҳо ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ дар Тоҷикистон тавассути мусоидат намудан ба муҳоҷирати бехатар ва густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳои ҳассос, ба мисли дастрасӣ ба маълумот доир ба хидматрасонӣ бо назардошти осебҳо, хусусиятҳои синну солӣ, гендерӣ ва фарҳангии шахсони зарардида мебошад.

ҲАДАФҲО

ҲАДАФИ ЯКУМ: ПЕШГИРӢ

Муҳоҷирони эҳтимолӣ дар асоси маълумоти дақиқ ва боэътимод тасмимҳои бехатар ва боваринокро доир ба муҳоҷират қабул мекунанд. Лоиҳа хавф ва осебпазирии муҳоҷиронро, ки ба хориҷа барои кор сафар мекунанд, аз гирифтор шудан ба савдои одамон коҳиш медиҳад.

ҲАДАФИ ДУЮМ: МУҲОФИЗАТ

Субъектҳои миллӢ дар доираи системаи ҳифзи қурбониён қобилияти беҳтар ва васеъро барои ҳифзи системавии қурбониёни савдои одамон нишон медиҳанд. Лоиҳа равиши системавиро барои беҳтар кардани айнияткунонии қурбониёни савдои одамон ва инчунин дастрасии қурбониёнро ба хидматрасонӢ бо назрдошти осебҳо истифода мебарад.

ҲАДАФИ СЕЮМ: ШАРИКӢ,ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ

Субъектҳои МБСО дар Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо (яъне дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ) беҳбуди ҳамкориро бо мақсади таҳияи механизмҳои устувори дастгирии қурбониён ва пешгирии савдои одамон нишон медиҳанд. Лоиҳа ба самти таҳия ва татбиқи чораҳои вокуниши умумидавлатӣ/ҷамъиятӣ тавассути такмил додани механизмҳо ва стратегияҳои ҳамкорӣ барои кумак ба қурбониёни савдои одамон ва пешгирии ин мушкилӢ равона шудааст.

НАТИҶАҲОИ АСОСИИ ПЕШБИНИШУДА

  • Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар бораи имкониятҳои муҳоҷирати бехатар ва муназзам, инчунин хатари муҳоҷирати ғайриқонунӣ, воридоти ғайриқонунии муҳоҷирон ва савдои одамон огоҳ карда шудаанд.
  • Механизми Миллии Бозравонии қурбониёни савдои одамон такмил дода шудааст. 
  • Субъектҳои системаи муҳофизат ва масъулони хидматрасон барои муайян кардан, бозравонӣ, муҳофизат кардан ва кумак расонидан ба қурбониёни савдои одамон имкониятҳои васеъ доранд.
Share This Page