Language

2021 - 2023 | BRANCH OF FAMILY HEALTH INTERNATIONAL (FHI 360) | $1,128,000

ПЕШГУФТОР

Дар доираи лоиҳаи “Дастоварди мақсадҳо ва идомаи чораҳои назорати эпидемия (EpiC)”, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, FHI 360 назорати эпидемияи ВНМО ва вокуниш ба COVID-19-ро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.

ҲАДАФҲО

ҳадафи як - вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)

Расонидани кӯмаки техникии самаранок, дастрас, ба натиҷа нигаронидашуда ва расонидани хизматрасонии мустақими ба вазъият ва ҳолати эпидемиологӣ мутобиқшуда, ки барои афзоишдиҳӣ, қиёспазирӣ ва нигоҳдории хизматрасониҳо ва низомҳои мубориза бар зидди ВНМО барои назорати дарозмуддати эпидемия мусоидат хоҳад кард.

ҳадафи ду - вокуниш ба COVID-19

Паст кардани сатҳи беморӣ ва фавт аз COVID-19, коҳиш додани интиқол ва таҳкими низоми тандурустӣ, аз ҷумла барои пешгирӣ, ошкор ва вокуниш ба таҳдидҳои пандемия.

НАТИҶАҲОИ АСОСӢ

ВНМО

Давомнокии лоиҳа: Октябри соли 2020 – Декабри соли 2025

Дастовардҳо дар давоми соли 2022:

  • Дар 46% ҳамаи ҳолатҳои нави ВНМО, ки дар минтақаҳои Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА оид ба рафъи БПНМ дарёфт гардидаанд (298 аз 642), саҳм гузоштааст.
  • Дар вилояти Суғд ягона Маркази саломатии ҷамъиятии "Нукта"-ро таъсис дод, ки доираи васеи хизматрасониҳои пешгирии ВНМО, машварат ва ташхис, аз ҷумла мушоҳидаи диспансерӣ, гирифтани намунаи хун барои ташхиси сарбории вирусӣ ва равонасозӣ ба пешгирии пеш аз тамосро пешкаш мекунад.
  • Маблағгузории устувори ташкилотҳои ҷамъиятиро (ТҶ) бо роҳи васеъ намудани миқёс ва татбиқи фармоиши иҷтимоии давлатӣ дар соҳаи ВНМО тавассути вохӯрии муштараки Гурӯҳи кории техникӣ ва рушди иқтидори 7 ТҶ дастгирӣ намудааст.

БУҶЕТИ ЛОИҲА БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2023: USD 5,486,177

COVID-19

Давомнокии лоиҳа: Августи 2021 – Июни 2023

Ташкил ва гузаронида шуд:

  • ҳафт тренинги пайдарпай оид ба идоракунии ҳолатҳои COVID-19 ва пешгирӣ ва назорати сироятӣ (ПНС) барои 274 корманди тиббӣ (143 табиб ва 131 ҳамшираи шафқат) аз 51 муассисаи тандурустӣ (МТ) аз тамоми кишвар, феврал - июли соли 2022; панҷ тренинги минтақавӣ оид ба “Ҷанбаҳои эҳёи беморони гирифтори COVID-19” барои 96 нафар реаниматологҳо ва анестезиологҳо аз 39 МТ аз саросари кишвар, июл - ноябри соли 2022.
  • Моҳи феврали соли 2022 нашри 6-уми Протоколи клиникии COVID-19 таҳия шуда, дар ҳаҷми 3000 нусха чоп ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паҳнкунии минбаъда байни муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ супорида шуд.
  • Протоколи клиникӣ оид ба табобати беморони гирифтори гипоксия ва дастурамал оид ба кӯмаки клиникӣ ва барқарорсозӣ пас аз COVID-19 таҳия ва барои тасдиқ ба ВТҲИА пешниҳод карда шуд.
  • 4 октябри соли 2022 Маркази захиравӣ оид ба истифодаи бехатари оксиген дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, ки омода кардани мутахассисон ва таҳкими иқтидори муассисаҳои тиббӣ дар таъмини истифодаи бехатари таҷҳизоти оксигениро мавриди ҳадаф қарор медиҳад.

БУҶЕТИ ЛОИҲА: USD 1,128,000

ИҶРОКУНАНДА: ФИЛИАЛИ FAMILY HEALTH INTERNATIONAL (FHI 360)

Share This Page