Language

Варақаи матбуотӣ

06-10-2022

Эъломия Матбуотӣ

Хатлон, Тоҷикистон, 6 октябри соли 2022 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Фонди Оғохон дар доираи барномаи муштараки “Шукуфоии Тоҷикистон” ду шабакаи оби нӯшокӣ ва ҳоҷатхонаи мактабиро дар ду деҳаи ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус ба истифода доданд.  Шабакаи оби нӯшокӣ бештар аз 10 000 хонаводаро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мекунад ва ҳоҷатхонаи мактабӣ ба 1500 омӯзгор ва донишомӯз шароити муносиби беҳдоштӣ фароҳам меорад.

“Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барномаи панҷсола (2018-2021)” – яке аз чандин ҳамкориҳо байни USAID ва Фонди Оғохон мебошад. Ин барнома бо ҳадафи боло бурдани сифати зиндагии сокинони 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ дар марзи Афғонистон амалӣ мешавад.

Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” то имрӯз дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Панҷ, Қубодиён, Роштқалъа ва Шаҳритус 7 шабакаи оби нӯшокӣ ва 7 ҳоҷатхонаи мактабиро сохтааст, ки 22 774 нафарро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намуда, барои 4924 нафар шароити беҳдоштии муносиб фароҳам овардааст. Ин сокинон қабл аз сохта шудани шабакаи оби нӯшокӣ оби чоҳҳо, дарёҳо ва каналҳоро истифода мебурданд, ки аксар вақт боиси пайдо шудани бемориҳои бо об гузаранда мешуд. Дар доираи барномаи мазкур, дар маҷмӯъ 15 шабакаи оби нӯшокӣ сохта хоҳанд шуд, ки 41 000 нафар аз он истифода мекунанд ва 15 ҳоҷатхонаи мактабӣ барои бештар аз 8500 омӯзгор ва донишомӯз хидмат хоҳад кард.

USAID ва Фонди Оғохон бо мақсади таъмини устувории ин лоиҳаҳо ва баҳсу баррасии аҳамияти пардохти пул барои хизматрасонӣ ва ташвиқи таҷрибаҳои беҳтари беҳдоштӣ, корзори иттилоърасониро роҳандозӣ карданд. Дар натиҷа, хоҷагиҳо ва идораҳои давлативу хусусӣ барои пардохтани маблағи ками хизматрасонии об ризоият доданд. Барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” инчунин бо корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзиливу коммуналӣ ҳамкорӣ карда, зарфияти онҳоро барои баҳрабардорӣ ва нигаҳдории шабакаҳои об тақвият дод.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти идоракунии муассир, рушди иқтисодӣ, беҳбуди омӯзиш, тандурустӣ, амнияти ғизо ва вусъати робитаи иқтисоди минтақаӣ фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар ба сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan  ва саҳифаи https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ Facebook cар бизанед.

Image
USAID дастрасӣ ба об ва беҳдоштро дар вилояти Хатлон афзоиш медиҳад
Share This Page