Language

Варақаи матбуотӣ

04-10-2022

Эъломия Матбуотӣ

Душанбе, Тоҷикистон,  4 Октябри 2022 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази захиравӣ оид ба истифодаи бехатари оксигенро дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд.

USAID ба ин марказ таҷҳизоти компютерӣ ва таҷҳизоти марбут ба экосистемаи оксигенро ба маблағи 36, 000 доллари амрикоӣ тақдим намуд. Ин марказ ҳамчун як маркази таълимӣ барои донишҷӯён ва ҳамчунин мутахассисони техникии муассисаҳои тандурустӣ хидмат хоҳад кард ва ҳадафи он дастгирии эҳтиёҷоти афзояндаи кишвар ба кадрҳои соҳибихтисос барои таъмини кори бехатари таҷҳизоти оксигенӣ мебошад.

«Ба шарофати дастгирии мо ба Тоҷикистон дар робита ба COVID-19, мо ниёзи назарраси кишварро ба дастрасии оксиген дарк намудем. Муассисаҳои тиббӣ ба норасоии оксиген ва мушкилоти истифодаи бехатари баллонҳои оксиген дучор шудаанд ва дар ин робита, барои давом додани муборизаи кишвар бар зидди COVID-19 ва дигар бемориҳои роҳи нафас, мо тасмим гирифтем, ки кумак ва дастгирии худро дар ин самт густариш диҳем”, гуфт Директори намояндагии USAID дар Тоҷикистон, Питер Райли.

USAID барои беҳтар намудани фаъолияти ташхисгоҳҳо, идоракунии беморон, ҷалби ҷомеа ва омӯзиши кормандони тиббӣ ва ғайритиббӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар баҳри мубориза алайҳи COVID-19 беш аз 12 миллион доллар ҷудо кардааст. Таъсиси ин маркази захиравӣ як дастоварди назаррас дар таъмини он аст, ки Тоҷикистон дорои зарфияти зарурӣ дар сатҳи миллӣ барои дастгирии талаботи афзояндаи кишвар ба системаи бехатари оксиген ва таъмини устувори он мебошад.

USAID агентии пешбари байналмилалии рушд дар ҷаҳон ва катализатор барои натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар аз сомонаи USAID/Tajikistan: https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ дидан кунед.

Image
USAID маркази захиравӣ оид ба истифодаи бехатари оксигенро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд
Share This Page