Language

Варақаи матбуотӣ

01-12-2022

Эъломия Матбуотӣ

Душанбе, Тоҷикистон, 1 декабри 2022 – Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масуниятро (БПНМ/СПИД) таҷлил мекунанд. Иёлоти Муттаҳида дастгирии шахсони мубталои Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО/ВИЧ) ва гирифтори ВНМО-ро дар Тоҷикистон тавассути як қатор барномаҳо идома медиҳад.

Имрӯз мо дар бораи дастовардҳои худ сӯҳбат менамоем ва ҳамзамон онҳоеро, ки бо сабаби БПНМ аз даст додаем ва онҳоеро, ки муборизаи худро бар зидди ВНМО давом медиҳанд, дар ёд дорем. Ҳануз барои дастгирии 38 миллион шахсони гирифтори ВНМО дар саросари ҷаҳон корҳои зиёд анҷом хоҳад ёфт.

Мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди БПНМ дар соли 2022 ин “Худсанҷӣ: ноил гаштан ба баробарӣ ҷиҳати хотима додани ВНМО” мебошад. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаҳои маҳаллӣ барои аз байн бурдани монеаҳо дар роҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати ВНМО, ба монанди тамға ва табъиз, зӯроварии гендерӣ, сиёсатҳои зараровар ва қонунгузории табъизкунанда, ки афродро боз ҳам ба канораҷӯӣ водор месозад, ҳамкорӣ менамояд.

Имсол 19-солагии ҳамкории ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди эпидемияи ВНМО/БПНМ ҷашн мегардад. Дар давоми ин давра Нақшаи фавқулоддаи Президенти ИМА оид ба рафъи БПНМ (PEPFAR) бо Тоҷикистон ҷиҳати назорат ва ниҳоят хотима додани эпидемияи ВНМО дар кишвар ҳамкорӣ намуд. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида хизматрасониҳоеро, ки аз ҷониби низоми тандурустӣ пешниҳод мегарданд ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятиро дар пешгирӣ, нигоҳубин ва табобати ВНМО дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Дар натиҷа, як низом ҷорӣ гардид, ки расонидани хизматрасониҳои самаранок, устувор ва босуръатро, дар заминаи ҷомеа ва муассисаҳои тиббӣ, бо дастгирии доимии мизоҷон, ки хатари сирояти ВНМО доранд ва шахсони гирифтори ВНМО, таъмин менамояд.

Новобаста аз пешравиҳо дар ин самт, паҳншавии сирояти ВНМО мушкилии ҷиддии тандурустии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди он тибқи арзёбӣ 14 000 шахсони гирифтори ВНМО зиндагӣ менамоянд, боқӣ мемонад. То октябри соли 2022, 76% шахсони калонсоли гирифтори ВНМО оид ба ҳолати худ огоҳ буданд; аз онҳо 87% табобати наҷотбахши зиддиретровирусиро қабул мекарданд ва аз байни онҳое, ки табобатро қабул мекарданд, 88% сарбории вирусии номуайянро доштанд, ки ин маънои онро дорад, ки онҳо шарикони худро бо ВНМО сироят нахоҳанд кард.

PEPFAR ва USAID дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии татбиқи барномаҳои ВНМО тавассути дастгирии муҳити мусоид ва аз байн бурдани монеаҳо барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати ВНМО, хизмат мекунанд.

World AIDS Day
Share This Page