Language

2022 - 2027 | $19,000,000

пасманзар

Лоиҳаи Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ (Market Driven Rural Development Activity - MDRD) аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад. Он рушди босуръати соҳаи кишоварзиро таъмин карда, ба сокинони деҳот имкониятҳои фарогири иқтисодӣ фароҳам меорад.

Барои расидан ба ин ҳадаф, афзоиши маҳсулнокӣ ва дастрасии бештар ба маблағгузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ тарғиб мешавад. MDRD дар иҷрои фаъолиятҳои худ тавсеаи имкониятҳои даромад барои ҷавонон ва занон ва пешгирӣ аз хатарҳои муҳитзистиро низ авлавият қарор медиҳад.

ҲАДАФҲО

Афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ

Ташкил ва рушди ҳамкориҳои чандҷониба ҷиҳати афзоиши маблағгузорӣ ба соҳа (сармоягузорӣ, қарзҳои хурд, маблағгузории занҷираӣ). Зарфиятсозии ширкатҳои хидматрасони молиявӣ, ҳам бонкҳо ва ҳам ширкатҳои маблағгузори ғайрибонкӣ, ва ширкатҳои дигар дар саросари занҷираи арзиши иловагӣ ҷиҳати омода ва пешниҳоди маҳсулоти қарзии махсуси соҳавӣ. Тақвияти ҳамкориҳо миёни ҳамаи ҷонибҳои бозор, таъмини дастрасии беҳтар ба сармоя ва тавсеаи истифодаи хидматҳои молиявӣ аз ҷониби занон ва ҷавонон.

Афзоиши маҳсулнокӣ дар тамоми занҷираи арзиши иловагӣ

Монеаҳои зиёде, ба монанди камбуди заминҳои обёришуда, нархи ашёи воридотӣ, сифати номақбули ашёи маҳаллӣ, зерсохтори маҳдуди захираву нигаҳдорӣ, ва камбуди нерӯи барқ боиси коҳиши маҳсулнокӣ дар тамоми занҷираи арзиши иловагӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Лоиҳа талош мекунад, то тавассути тақвият ва расмигардонии муносибатҳои тиҷоратӣ таъсири ин монеаҳоро кам карда, аз хатарҳо пешгирӣ намояд ва дастрасиву истифода аз дониш, сармоя ва фанновариҳоро бештар гардонад.

Дастрасии бештар ба бозорҳои сердаромад

Муайян кардани имкониятҳо ва талаботи бозорҳо ва пайванди корхонаҳои мунтахаби хурду миёнаи кишвар ба бозорҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байнулмилалӣ.

Ҳадафҳои ҳамашумул

Тарғиби иштироки иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии занону ҷавонон дар бозорҳои кишоварзии Тоҷикистон. Тарғиби истифода аз таҷрибаҳои бехатар ва муфиди муҳитзистӣ.

НАТИҶАҲОИ МУНТАЗИРА

Дар анҷоми ин лоиҳа, USAID интизор дорад, ки муносибатҳои тиҷоратӣ миёни иштирокдорони муҳими бозор, аз ҷумла, хоҷагиҳои пешсафи деҳқонӣ, истеҳсолкунандагон, ширкатҳои хадамотрасон, ниҳодҳои молӣ, ва сохторҳои давлатӣ расмӣ мегарданд ва тақвият меёбанд. MDRD истифода аз ва сармоягузорӣ ба таҷрибаҳо ва фанновариҳои муҳитзистиро пешбарӣ намуда, ба соҳибкории кишоварзии кишвар бозорҳои навро боз мекунад ва дари сармояро ба соҳа кушода, бо ин роҳ ба рушди фарогири деҳот саҳм мегузорад.

9 миллион $

Ҷамъи сармоягузории бахши хусусӣ

30 миллион $

Ҳаҷми фурӯши солонаи маҳсулот

1,200T

карбон дар тӯли лоиҳа секвестратсия мешавад

40%

иштирокчиёни лоиҳаҳои дастрасӣ ба сармоя занон мегарданд

15,600

ҷавон дар лоиҳаҳои бехатарии хӯроквории Ҳукумати ИМА иштирок мекунанд

Share This Page