Language

ТАФСИРИ ЛОИҲА

Лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» ба кормандони соҳаи тиб, ҷомеаҳо ва оилаҳои тоҷик ҷиҳати беҳтар намудани саломатӣ, ғизои занони ҳомила ва ширдеҳ ва кӯдакони онҳо дар давоми 1000 рӯзи аввали тиллоӣ кӯмак мерасонад. Лоиҳа Ҳукумати Тоҷикистонро барои коҳиш додани фавти модару кӯдак ва камғизоӣ дар 12 ноҳияи ғарбии вилояти Хатлон тавассути татбиқи стратегияҳои миллии беҳбуд бахшидан ба саломатӣ ва ғизои занон ва кӯдакон тавассути дастгирии техникӣ ва таҳкими тамоми сатҳҳои низоми тандурустӣ, аз ҷумла ҷиҳати тақвияти низоми беҳдоштӣ дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҷумла таваҷуҳи бештари инфиродӣ ба саломатии худ ёрии бунёди мерасонад. Ноҳияҳои фаъолияти Лоиҳа: Ҷ.Балхӣ, Дустӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Хуросон, Кушониён, Левакант, Н.Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва Ёвон.

ҲАДАФ

Барои ба даст овардани ҳадаф ва натиҷаҳои дарозмуддати кишвар, ки дар оянда ба ӯҳдадории кишвар мегузарад, Лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқ гардонидани системаҳои мавҷудаи марбут ба дастгирии ҳифзи саломатии модар, навзод ва кӯдак, ва тадбирҳои ғизоӣ, ичунин таҳкими иқтидори техникӣ ва ташкилии маҳаллӣ дар ҳама гуна сатҳо кӯмак мерасонад. Лоиҳа барои баланд бардоштани саводнокӣ доир ба амал ва суръат бахшидан ба тағйиротҳои таъсирбахш дар меъёрҳои иҷтимоӣ тавассути тавсеа ва навоварии таҷрибаҳои беҳтарини тасдиқ гардидаи ҷаҳонӣ, ки дар сатҳи ҷомеа ва сохторҳои дахлдор дар вилояти Хатлон тағйироти рафторро суръат мебахшад, кор мекунад.

ҲАДАФИ ЯКУМ

Вусъат бахшидан ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ғизоӣ барои модарон, навзодон ва кӯдакон.

ҲАДАФИ ДУЮМ

Дастгирии самтҳои Ҳаракати аҳамият ба масъалаҳои беҳдошти ғизо ва стратегияҳои миллӣ

ҲАДАФИ СЕЮМ

Такмил ва беҳтарсозии ғизо ва саломатии модару кӯдак таввассути тағйири рафтори иҷтимоӣ.

НАТИҶАҲОИ АСОСӢ

  • Барои беҳтар муайян кардани иқтидор ва маҳдудиятҳои сиёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ шаш таҳқиқот анҷом дода шуд, то равишҳои воқеии маҳаллӣ барои беҳтар кардани дастрасӣ ба саломатӣ, ғизо ва об, санитария ва беҳдошт (WASH) таҳия карда шаванд.
  • Тадқиқоти некӯаҳволӣ барои муайян кардани омилҳое, ки ба нигоҳ доштани қувваи корӣ таъсир мерасонанд ва чӣ гуна ба сифати нигоҳубини беморон таъсир мерасонад, анҷом дода шуд.
  • Лоиҳа, шабакаҳои хизматрасонии тиббӣ, ки муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳоро мепайвандад, мустаҳкам намуд.
  • Дар самти шарикии ҷомеа таввасути кор бо Маркази Ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва системаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои таъсис додани дастаҳои саломатӣ мустаҳкам гардид.
  • Ҷалби ҷомеа барои беҳтар кардани масъулият ва моликият дар соҳаи тандурустӣ такмил дода шуд.
  • Лоиҳа, таҷрибаҳои ғизо барои ҳифзи саломатии модарон, навзодон ва кӯдакон таввасути иртибототи устувори иҷтимоӣ ва тағйироти рафтор барои эҷоди меъёрҳои нав; ташаккули дастгирии иҷтимоӣ; имкони қабули қарорҳо ва ба нақшагирии муштарак миёни мардону занонро фароҳам сохт то оилаҳо барои амалкарди масъалаҳои ғизо ва беҳдошт ваколатдор бошанд.
  • Лоиҳа, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана, ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши ходимони динро дар ҷалби мардон ба масъалаҳои ҳифзи саломатии модар, навзод ва кӯдак, ғизо, ва мавзӯҳои вобаста ба об, санитария, беҳдошт (WASH) ва инчунин баробарии гендериро мусоидат намуд.
  • Мутобиқсозии ҳамгирошудаи тағйирёбии иқлим бо истифода аз раванди тағйирёбии рафтори иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои дар сатҳи сохторҳои дахлдор.
  • Барои баррасӣ, таҳия ва татбиқи стратегияҳо ва нақшаҳои миллии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли дастгирӣ карда шуд.
  • Лоиҳа, истифода аз бурдани технологияҳои рақамӣ барои кумак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли дар муайян ва ҳалли мушкилоти системаи тандурустӣ, аз ҷумла такмил ва беҳтарсозии сабти асноди кормандони тиб ва ҳифзи саломатии модар, навзод ва кӯдакро дастигирӣ намуд.
  • Дастрасӣ дар саросари кишвар ба ҳама стандартҳо тавассути протоколҳои клиникии рақамӣ ва роҳнамоҳо, ки дар маҳзани электронии иттилоотӣ дар сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҷойгир шудаанд, аз ҷониби Лоиҳа фароҳам шуд.
  • Татбиқи қонунҳо ва барномаҳои миллии ғизо, аз ҷумла ғанисозии ғизо.

МАБЛАҒ: 17,329,339 доллари

ИМА МӮҲЛАТИ ЛОИҲА: Октябри 2020 – Сентябри 2025

Share This Page