Language

Варақаи матбуотӣ

28-09-2022

Эъломия Матбуотӣ

ДушанбеТоҷикистон, 28-уми сентябри соли 2022 – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (МО) аз 20 сентябр то 5 октябр дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Истаравшан ва Бохтар, ноҳияҳои Шуғнон, Фазобод ва Ҳамадонӣ, Рӯзи байналмилалии саводро таҷлил мекунанд.

Питер Райли, мудири намояндагии USAID, дар чорабинии рӯзи 28-уми сентябр дар шаҳри Бохтар қайд намуд, ин 56-умин Рӯзи байналмилалии саводнокӣ аст, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон таҳти шиори “Тағйир додани маконҳои омӯзиши саводнокӣ” баргузор мегардад. Ин мавзӯи глобалӣ ба ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ба фазои омӯзиши савод, ки ба таҳсилоти босифат, баробар ва фарогир мусоидат мекунад, аҳамияти махсус диҳанд. Дар доираи панҷ чорабинии оммавӣ озмунҳои расмкашӣ ва хониш, инчунин дарсҳои амалии таълими савод ва математика дар назар ҳастанд.

Лоиҳаи USAID “Бо ҳам меомӯзем” яке аз барномаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки натиҷаҳои омӯзиши 80 дарсади хонандагони синфҳои 1-4, бахусус дар самти фаҳмиши хониш, математика ва малакаҳои тафаккури интиқодӣ беҳтар мегардонад.  Иёлоти Муттаҳида шарики боэътимоди ҳукумати Тоҷикистон аст ва дар 30 соли охир барои мусоидат ба таҳкими ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодӣ дар ин кишвар тақрибан 2 миллиард доллар ҷудо кардааст.

USAID агентии пешбари байналмилалии рушд дар ҷаҳон ва катализатор барои натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар аз сомонаи USAID/Tajikistan: https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook: https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ дидан кунед.

Image
U.S. Government Celebrates International Literacy Day in Tajikistan
Share This Page