Language

Варақаи матбуотӣ

27-10-2022

Эъломия Матбуотӣ

Душанбе, Тоҷикистон, 27 октябри соли 2022 – Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ACAT) муаррифии китоб бо аксу тасвирҳо таҳти унвони “Аввалинҳо: 15 зани шуҷоъ-ро ҷашн гирифт, ки дар он саҳми занони соҳибкор дар Хатлон барои саъю талошҳои барҷастаашон дар пешравии агробизнес ва рушди устувори иқтисодиёти кишвар дарҷ шудааст.

Дар китоб 15 нафар зан – роҳбари корхонаҳои агросаноатии ҳаҷмашон гуногун аз вилояти Хатлон гирд оварда шудаанд. Ин занони соҳибкор пешвоёни далеру шуҷоъ мебошанд, ки дар бахши тиҷорати кишоварзӣ, ки одатан дар он мардон бартарӣ мекунанд, маҳсулотро коркард, тиҷорат ва содирот мекунанд. Китоби мазкур дар бораи садоқати онҳо ба тиҷораташон нақл мекунад ва намунаҳои ибратеро рӯи қоғаз овардааст, то занони дигарро барои истифода аз имкониятҳои нави иқтисодӣ дар бахши рушдкунандаи агробизнес дар Тоҷикистон илҳом бахшанд. Чорабинии мазкур бо нишон додани фаъолияти онҳо ҷиҳати рафъи нобаробарии гендерӣ дар бахши хусусӣ ба занони дигар илҳом бахшид, ки ба сифати намунаи ибрат амал кунанд, то тағйирот дар рушди фарогир дар Тоҷикистон васеъ пиёда гардад.

«Иштироки самарабахши занон дар ҳаёти иқтисодӣ барои ноил шудан ба амният ва суботи бештари иқтисодӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Вақте ки занон аз ҷиҳати иқтисодӣ тавонманд ҳастанд, онҳо ба оилаву ҷомеаҳои худ сармоягузорӣ мекунанд, ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд ва ҷомеаҳои устувору шукуфонро ба вуҷуд меоваранд,” – гуфт Муовини сардори намояндаи дипломатии ИМА Бридҷит Уокер.

Чорабинии мазкур бо маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни ВАО “Агробизнес дар Тоҷикистон: талош барои рушд”, ки дар он 15 маводи беҳтарин дар бораи занон дар соҳаи агробизнес инъикос ёфта буд, ба охир расонида шуд. Ҳадафи озмун паҳн кардани маълумоти боэътимод дар бораи агробизнес ва дастгирии рӯзноманигорон барои васеъ кардани дониши худ дар ин соҳа буд.

Аз моҳи июли соли 2018 лоиҳаи USAID ACAT ба корхонаҳои навкор ва рушдкунандаи агробизнес сармоягузорӣ карда, ба соҳибкорони тоҷик захираҳои заруриро барои идоракунии беҳтари тиҷораташон фароҳам меорад. Илова бар ин, USAID ба муайян ва ҳалли нобаробарии гендерӣ дар бахши тиҷорат бо мақсади саҳм гузоштан ба натиҷаҳои устувори иқтисодӣ таваҷҷӯҳ кардааст. То имрӯз, USAID ACAT дар таъмини беш аз 1,5 миллион доллар сармояи хусусӣ барои агробизнес дар соҳаи истеҳсолу коркарди шир ва меваю сабзавот кӯмак карда, тақрибан 18 000 соҳибкор бо тиҷоратҳои ҳаҷмашон гуногунро, ки 40 фоизи онҳо занон мебошанд, дастгирӣ кардааст.


USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Аз соли 1993 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти идоракунии муассир, рушди иқтисодӣ, беҳбуди омӯзиш, тандурустӣ, амнияти ғизо ва вусъати робитаи иқтисоди минтақаӣ фаъолият мекунад. Барои маълумоти бештар ба сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan  ва саҳифаи https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/ Facebook дидан кунед.

Image
USAID’s Groundbreakers – The Fearless 15: Empowering Women Entrepreneurship in Khatlon Region