Варақаи матбуотӣ
Эъломия Матбуотӣ
Душанбе, Тоҷикистон, 1-уми июни соли 2023 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) имрӯз форумеро баргузор кард, ки дар рафти он бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳҳои устувории молиявиро, бидуни такя ба грантҳо ва донорҳо баррасӣ намуд. Дар Форуми соҳибкории иҷтимоӣ ширкаткунандагон таҷрибаи кори кунунии минтақа, мушкилот ва дурнамои соҳаро муҳокима намуда, нақшаҳои ояндаро муайян карданд. Дар чорабинӣ намунаҳои муваффақи соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, қабули заминаи қонунӣ ва шароити фаъолияти соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин намояндагони Парлумони Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
Форум ба табодули таҷрибаи ширкаткунандагон ҷиҳати пешбурди соҳибкории иҷтимоӣ ҳамчун катализатори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуд. Дар рафти муҳокима ширкаткунандагон таъсири мусбати соҳибкории иҷтимоӣ ба иқтисодиёт ва ҷомеа, моделҳои инноватсионии татбиқи лоиҳаҳо ва таҷрибаҳои муосири идоракунии лоиҳаҳои соҳибкории иҷтимоиро баррасӣ намуданд.
USAID тавассути барномаи «Инноватсияҳои иҷтимоӣ дар Осиёи Марказӣ» (SICA) ташаббусҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд. Форуми мазкур ҳамчун як платформаи ҳамкорӣ ва мубодилаи дониш хизмат карда, ба иштирокчиён имкон дод, ки ғояҳои навро кашф кунанд, шарикиро инкишоф диҳанд ва дар рушд ва устувории бахши соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.
###
USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон https://www.usaid.gov/tajikistan ва саҳифаи Facebook https://www.facebook.com/USAIDTajikistan/ мутолиа намоед.